Муроҷиатномаи Раис

Муҳтарам хонумон ва ҷанобон,

Аз номи Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба кулли мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла мизоҷони Бонк, ки ба Амонатбонк дар низоми бонкии ҷумҳурӣ ҳамчун бонки давлатӣ эътимоди зиёд доранд ва ҳамзамон ба шарикони дохилию хориҷии Бонк, дуруду паёми бепоёни хешро мерасонам.


Амонатбонк таърихи 135 сола дошта, дар гузашта ва имрӯзу фардо ҳам, вазифаи асосии он татбиқи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии давлат ва хизматрасонии саривақтию босифат ба мизоҷон мебошад.

Имрӯзҳо Амонатбонк бо шабакаи васеи худ, яъне 75 филиал, 546 маркази хизматрасонии бонкӣ ва наздики 2900 нафар кормандон, ҳамчун даста ё нерӯи пурқувват ва ниҳоят ба мардум наздик, ба мизоҷон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодааст. Дар ин раванд, шумораи пасандозгузорони Бонк сол аз сол зиёд шуда, дар 11 моҳи соли 2020 ба 1,7 млн. нафар расидааст.

Новобаста ба осебпазир гардидани соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар давраи кунунии шиддати буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва таъсири пандемияи коронавируси COVID-19 сатҳи пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, ҳамаи уҳдадориҳои Бонк дар назди мизоҷон, хусусан пардохти фоизҳои пасандозҳо ба аҳолӣ сари вақт ва бемамоният иҷро гардида истодааст.



             Афзоиши сармояи Бонк, фаъолияти пурсамар дар самти ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ, иштирок дар барномаҳои маблағгузорӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна имкон дод, ки ҳаҷми қарзҳои пешниҳодгардида нисбат ба ҳамин давраи  соли 2019 ба андозаи 2,2 маротиба зиёд гардад.

Ҳамкориҳои Бонк бо ташкилотҳои моливии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, идома дошта, то ба имрўз Бонк 69,6 млн. доллари ИМА ҷалб карда шудааст. Бо истифодаи маблағҳои қарзӣ дар 51 шаҳру ноҳияи кишвар 90 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат амалӣ шуда истодааст.


Аз ҷумла, Амонатбонк бо Бонки миллии равобити хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Бонки саноату сохтмонии Ҷумҳурии Ўзбекистон “Узпромстройбанк” созишномаҳои қарзӣ дар самти маблағгузории савдо ба маблағи 43 млн. доллари ИМА ба имзо расонидааст.

Бояд қайд намуд, ки зимни вохўрӣ бо роҳбарияти Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ўзбекистон, дар заминаи созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 33 млн. доллари ИМА, созишномаи иловагӣ оид ба тамдид намудани муҳлати қарз аз 1 сол то 3 сол ва зиёд намудани андозаи қарзи байнибонкӣ аз 1 млн. доллари ИМА то ба 3 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки ин иқдом баҳри дастгирии соҳибкорони ватанӣ амалӣ гардида истодааст.

Илова бар ин, дар раванди дастгирии соҳибкорон, масъалаи боз ҳам пасттар намудани фоизи қарзҳои мазкур дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба рушд додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, зимни созишномаи иловагӣ оид ба муқаррар намудани қарзҳои ба муҳлати то 1 сол пешниҳодшаванда ба андозаи 4,5% ва барои қарзҳои муҳлаташон аз 2 то 3 сол  ба андозаи 5,5% ба имзо расонида шуд, ки нисбат ба фоизҳои қаблан амалкунанда 3,5 банди фоизӣ пасттар мебошад.   


Амонатбонк ҷиҳати дастрасии бештари маблағҳои қарзӣ ба муштариён, сиёсати қарзии худро таҷдид намуд.

Дар ин замина, дар самти зиёд намудани ҳаҷми қарзҳо ба соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус ба соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти ивазкунанандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, паст намудани фоизи қарзҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ, инчунин пешниҳоди қарзҳои хурд, махсусан ба ноҳияҳои дурдасти кишвар чораҳои зарурӣ андешида шуд.


Аз ҷумла, вобаста ба талаботи имрӯзаи муштариён, Бонк маҳсулотҳои нави қарзиро таҳия ва пешниҳод намуд, ки дар таркиби ҳар як маҳсулоти таҳияшуда, хусусиятҳои имтиёзнок пешбинӣ шудааст.

Дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, эҳё намудани анъанаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҳисоби захираҳои худӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 322 нафар соҳибкор зиёда аз 5,5 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд. Меъёри фоизи қарзҳои мазкур ба андозаи 2 банди фоизӣ паст карда шуда, аз 20%  ба 18%-и солона расонида шуд.

Пешниҳоди қарзҳои изофабардошт (овердрафтӣ) тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Бонк қарор дода шуда, тартиби пешниҳоди он содда ва муҳлати истифодаи он то 60 рўз дароз карда шуд. Меъёри истифодабарии он низ, 2 банди фоизӣ паст карда шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии муштариён, бахусус саҳмгузорӣ дар рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар, ҳаҷми қарзҳои хурди судманд, ки қаблан дар доираи то 10 ҳазор сомонӣ бе гарав таҳти замонати шахси сеюм дода мешуданд, то 20 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шуд.

Дар Бонк бо мақсади саҳмгузорӣ дар самти яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ, иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок таҳти унвони «Кишоварз» роҳандозӣ гардид. Мизоҷон қарзҳоро бо шартҳои имтиёзнок аз 3 ҳазор то 500 ҳазор сомонӣ (ва ё мутаносибан бо асъори хориҷӣ) ба муҳлати аз 6 моҳ то 36 моҳ таҳти 18 фоизи солона бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ таҳти 10 фоизи солона, дастрас намуданд.

 

Ҳамзамон, бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи босуботи санадҳои барномавии  давлатӣ  дар  самти  дастгирии  иҷтимоии  шаҳрвандон, бахусус дар давраи кунунӣ, Бонк иқдоми пешниҳоди қарзҳои  имтиёзнокро таҳти унвони “Таҳсил - 2020” бо 18 фоизи солона ҷорӣ намуд.

Иқдоми мазкур, ҷиҳати харидории сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш   ва   пардохти маблағи шартномаи таҳсил пешбинӣ шуда, аз  санаи  1 август то 30 сентябри соли 2020 амал намуд.

Дар оянда ҳам, ҷиҳати болоравии эътимоди мардуми кишвар ба низоми бонкӣ бо роҳи дастрасии бештари маблағҳои қарзӣ ба мизоҷон, рушди соҳибкории хурду миёна, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва умуман саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисодиёти кишвар иқдомҳои Бонк идома меёбанд.


Итминон дорем, ки ин иқдомҳо то андозае дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар мусоидат хоҳанд намуд.

Дар Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ баҳри вусъат бахшидани корҳо дар самти амалисозии иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар ин замина осон ва шаффоф гардонидани амалиётҳо, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, пешгирии хавфҳои амалиётӣ, нуфузу эътибор ва дар маҷмўъ паст кардани дараҷаи хавфҳо, бо роҳи харидорӣ ва насб намудани барномаҳои худкори электронӣ, ба раванди автоматикунонии фаъолияти соҳа ва муҷаҳҳазгардонии техникии филиалҳо тақвият дода истодааст.

Бо мақсади таъмини шаффофият дар самти қабул ва интиқоли маблағҳои коммуналӣ ва ҳамзамон қулайгардонии огаҳ шудани муштарӣ аз ҳолати қарздорӣ ва пардохти маблағҳо бо ин мақсад, Бонк барномаи “Қабули маблағҳои коммуналӣ”-ро харидорӣ намудааст, ки ба ҳолати 30 ноябри соли ҷорӣ 585 адад нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ ба ин барнома  пайваст карда шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019      118 адад зиёд аст.  Аз ҷумла, пайвастшавии 112 нуқта ба соли ҷорӣ рост меояд.

Бонк ҷиҳати вусъат бахшидани амалияи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар ва ба таври васеъ ҷорӣ кардани ин тартиб дар пардохти хизматрасониҳо чораҷӯӣ намуда истода, то имрўз бо 7 760 адад корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ дар доираи лоиҳаи “Музди меҳнат” ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  28 адад зиёд мебошад.

Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба ҳолати 30 ноябри соли 2020 ба 1 миллиону 542 ҳазор нафар баробар гардидааст.

Амонатбонк ҷиҳати таъсиси марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ, боз ҳам дастрас гардонидани хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ дар марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ, иқдомҳои пай дар пайро амалӣ намуда истодааст.

Амонатбонк  аз  ҳисоби шумораи  шабакаҳои  худ  дар  низоми бонкии кишвар ҷойи намоёнро соҳиб буда, ба ҳолати имрўза 23%-и филиалҳои низоми бонкӣ ва 36%-и марказҳои хизматрасонии бонкии он, ба Амонатбонк рост меояд. Аз ҷумла, марказҳои хизматрасонии Амонатбонк дар вилояти Суғд 143 адад, дар ВМКБ  40  адад,  дар  вилояти   Хатлон  168 адад, ноҳияҳои тобеи марказ 139 адад ва дар шаҳри Душанбе 56 ададро ташкил медиҳанд.

Дар ин раванд, фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ ва дастрасии бемамонияти хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ, тавассути шабакаи васеъ яке аз ҳадафҳои асосии Бонк тибқи самтҳои афзалиятноки Бонк мебошад.  

Ин аст, ки  аз соли 2019 инҷониб  Бонк  иқдоми ба ҷойҳои сераҳолӣ ва ба сайёҳон дастрас кўчонидани марказҳои хизматрасонии бонкиро амалӣ намуда истодааст. То ба имрўз 189 адад ё 34,6%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ, ки 21 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд,  ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кўчонида шуданд.  

Дар баробари ин, фаъолияти 20  адад хазинаҳои бегоҳӣ ва шабона дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кўлоб ва Хоруғ, ки  ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзўр карда шуд. Аз ин шумора таъсиси  8 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.


Татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ҳадафҳои гузоштаи Бонк тибқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонк барои соли 2020 имкон дод, ки дар маҷмӯъ рушди босуботи соҳа нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои асосӣ дар 11 моҳи соли 2020 тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гарданд.

         

Ин аст, ки ба санаи 30 ноябри соли 2020 сатҳи пардохтпазирии Бонк ҳамчун  нишондиҳандаи  асосии фаъолият муътадил нигоҳ дошта шуда, то ба имрӯз Бонк тамоми уҳдадориҳои худро дар назди амонатгузорон ва шарикони рушди дохилию хориҷӣ сари вақт иҷро намуда истодааст. 

 

Дар ин давра даромади Бонк то андозбандӣ 64,6 млн. сомонӣ ва баъди андозбандӣ 49,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019      19,7% зиёд мебошад.

Дороиҳои Бонк ба ҳолати 30 ноябри соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи  соли 2019  ба андозаи 15%, уҳдадориҳо 16%, амонатҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ 10%, сандуқи қарзӣ 45% ва сармояи умумии Бонк 6,5% афзудааст.

Дар хотима гуфтаниям, ки Бонк минбаъд ҳам фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бомуваффақият татбиқ намудани нақшаҳои стратегӣ, мустаҳкам намудани мавқеи худ дар бозори байнибонкии ҷумҳурӣ дар заминаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва кам намудани хавфҳои бонкӣ идома медиҳад.

Инчунин, барои дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон чораҳои зарурӣ меандешад.

Ман сидқан миннатдории худро ба шарикон ва мизоҷони Бонк барои боварӣ ва дастгириашон иброз намуда, ба идомаи ҳамкориҳои судманд умедворам.



Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”  :   Икромӣ Сироҷиддин Салом