Хабарҳо



Дар ҳамкориҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” ва “Сбербанк” –и  Федератсияи Россия саҳифаи нав боз гардид.
04 декабри 2021

Дар ҳамкориҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” ва “Сбербанк” –и Федератсияи Россия саҳифаи нав боз гардид.

Тибқи дартуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва даъватномаи роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии оммавии «Сбербанк Россия»,  гурўҳи кории БДА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Бонк - Икромӣ Сироҷиддин Салом аз санаи 27 ноябр то 01 декабри соли 2021, ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафари корӣ доир намуданд.


Конфронс зери унвони “Таъмини фарогирии молиявӣ-ҳамчун омили рушди устувор дар Тоҷикистон”
03 декабри 2021

Конфронс зери унвони “Таъмини фарогирии молиявӣ-ҳамчун омили рушди устувор дар Тоҷикистон”

Дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва шарикони рушд, конфронс таҳти унвони “Таъмини фарогирии молиявӣ-ҳамчун омили рушди устувор дар Тоҷикистон” баргузор гардид.


Ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирони)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай
26 ноябри 2021

Ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирони)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай

Таҳти Раёсати сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Аскар Узакпаевич  Мамин бо иштироки сарвазирони  кишварҳои аъзои СҲШ ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирони)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.