Амонатбонк дар ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ иштирок намуд.

13 маи 2022

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид.

Ярмарка соҳавии ҷойҳои кории холӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадафи он амалишавиии яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таъмини шуғлнокии ҷавонон ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин намудани ҷавонони корҷӯ ва бекор мебошад.

БДА ҶТ “Амонатбонк” дар баробари дигар ташкилотҳои қарзӣ дар ярмарка иштирок намуда, 67 ҷойҳои кории холиро аз тамоми филиалҳои Бонк пешниҳоди корҷӯён намуд.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар сар то сари кишвар, ҳатто дар дурдасттарин манотиқи он бо шумораи 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба ањолӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод менамояд. Бонк аз ҳисоби шабакаи весеи худ дар низоми бонкии кишвар ҷойи аввалро ишғол мекунад.

Шумораи умумии кормандон дар Бонк 2 974 нафарро ташкил мекунад, ки 1319 нафар ё 44,4%-и онҳоро занон ташкил мекунанд.

Ҳамчунин ташкилотҳои қарзии молиявӣ маҳсулотҳои бонкиро пешниҳоди сокинони пойтахт намуданд.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар баробари дигар хизматрасониҳои худ вобаста ба  хизматрасониҳои электронӣ аз қабили барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ба иштирокдорон маълумот пешниҳод намуд.

Қайд гардид, ки тавассути барномаи мобилии “Амонат-мобайл” анҷом додани 100 намуди хизматрасониҳо,  аз қабили пардохти хизматрасониҳои давлатӣ, коммуналӣ, пардохти хизматрасонии интернетӣ, пардохтҳои дохилибонкӣ, пардохти операторони алоқаи мобилӣ, байналмиллалӣ ва ғайра имконпазир мебошад.
Аз тарафи сокинони шаҳри Душанбе намоиши маҳсулоти бонкӣ вобаста ба хизматрасониҳои Амонатбонк мароқ зоҳир гардида, масъулини Бонк ба суолҳои пешниҳодшуда посух гардонданд. 


Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк