БДА Амонатбонк, «Андозсупорандаи беҳтарин» дар соли 2021 интихоб гардид.

11 январи 2022
Дар асоси хулосаи Комиссияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон БДА ҶТ «Амонатбонк» барои иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз, саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ андозсупорандаи беҳтарини соли 2021 интихоб шудааст. 

Ёдовар мешавем, ки  Кумитаи андози назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи дастовардҳои Бонкро баназар гирифта, бори дуввум аст, ки Амонатбонкро ба гурўҳи андозсупорандагони беҳтарини сол шомил менамояд.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» минбаъд ҳам дар ҷавоб ба чунин қадрдониҳо, дар доираи қонунгузории амалкунанда иҷрои саривақтию бемамонияти  уҳдадориҳои худро дар назди Буҷети давлатӣ таъмин хоҳад намуд.