Дар Қуния Форуми соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон баргузор шуд.

22 декабри 2021

Санаи 16 декабри соли 2021 дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даъвати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати расмии БДА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С., ҷиҳати иштирок намудан дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркия ба шаҳри Конияи Ҷумҳурии Туркия сафар намуданд.

Зимни сафари мазкур ҳайати расмии БДА ҶТ «Амонатбонк» дар Мизи мудаввари «Коркарди нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоӣ, рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ – самти афзалиятноки саноатикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон», иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар рафти баргузори Форум мулоқоти дуҷонибаи намояндагони Бонк бо гуруҳи кории Актиф Бонки Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўзҳо доираи фаъолияти ҳамкориҳояшро бо бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии кишварҳои хориҷи дуру наздик васеъ намуда истодааст.