Иштироки БДА ҶТ “Амонатбонк” дар Форуми соҳибкорзанон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ

19 ноябри 2021

Ҳамасола санаи 19-уми ноябр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ таҳти унвони «Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон» форуми соҳибкорзанон баргузор гардид.

Дар баробари дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ намояндагон аз БДА ҶТ “Амонатбонк” низ дар форуми мазкур иштирок намуда, маҳсулотҳои бонкии хеш ва рӯнамо оид ба пешниҳоди қарзҳо ба соҳибкорзанонро намоиш доданд .

Сардори Идораи банақшагирӣ ва музди меҳнати Департаменти рушд ва омори бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” Шаҳло Раҳимзода бо рӯнамо баромад намуда, қайд карданд, ки саҳми соҳибкорон, аз ҷумла занони соҳибкор дар рушди иқтисоди миллӣ ва дар ин замина мусоидат ба зиндагии арзанда, ки ҳадафи олии Ҳукумати кишвар аст, хеле назаррас аст.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба баланд бардоштани мақоми занонону бонувон тадбирҳои муассир андешида шуданд. Дар партави ин сиёсат занони кишвар дар ҳама соҳахо фаъолияти пурсамар доранд.

Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ бо шабакаи васеи худ, ки 75 филиал ва 547 адад МХБ-ро дар қаламрави кишвар ташкил мекунад, тавассути пешниходи қарзҳо, дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллиро меҳвари асосии фаъолияти худ қарор додааст.

Зикр гардид, ки Амонатбонк ба соҳибкорони кишвар дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 309,2 млн.сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Дар соли 2020 низ, 490,5 млн.сомонӣ маблағҳои қарзии пешниҳоднамудаи Амонатбонк дастраси соҳибкорони кишвар гардида буд.

Аз ҷумла, Амонатбонк дар соли 2020 ва 9 моҳи соли ҷорӣ шумораи 137 нафар занони соҳибкорро бо пешниҳоди маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 11,1 млн.сомонӣ дастгирӣ намудааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳаҷми қарзҳои додашудаи Амонатбонк баҳри дастгирии занони соҳибкори кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 22% афзоиш ёфтааст.

Бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” тасмим дорад ин равандро дар оянда низ ҳамчун ҳадафи асосӣ дар фаъолияти хеш қарор дода, ба соҳибкорони мамлакат, алалхусус занону бонувони соҳибкор қарзҳои имтиёзнокро пешниҳод намояд.