Иштироки БДА ҶТ “Амонатбонк” дар Форуми соҳибкорзанон "Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон".

19 ноябри 2021

Баъдан кори Форум дар се бахш, аз ҷумла “Заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди фаъолияти соҳибкории бонувон дар ҶТ”, “Рушди иқтидори бонувон дар соҳаи кишоварзӣ тавассути барномаҳои дастгирӣ, васеъ намудани имкониятҳо дар минтақаҳо” ва “Васеъ намудани имкониятҳо барои бонувон ба воситаҳои молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои электронӣ” ҷараён гирифт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи хоси иштирокдорони Форум дар мавзӯи “Васеъ намудани имкониятҳо барои бонувон ба воситаҳои молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои электронӣ” таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, бо иштироки роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, соҳибкорон, сармоягузорон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷараён гирифт.

Моҳбону Накҳатзода зимни баромади худ доир ба Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла баробарии гендерӣ, кори шоиста ва рушди иқтисодӣ, саноат, инноватсия ва инфрасохтор, коҳиши нобаробарӣ, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд сухан ронда, таъкид намуд, ки ноил гаштан ба ҳадафҳои зикргардида барои баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Муовини Раиси БМТ дар суханронии хеш ҳамзамон оид ба индекси нобаробарии гендерӣ ва рушди гендерӣ, таносуби мардон ва занон дар байни қарзгирандагон дар ташкилотҳои қарзӣ ибрози андеша намуда, аз иштирокдорони бахш даъват ба амал овард, ки доир ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии молиявӣ, истифодабарии хизматрасониҳои сифатноки молиявӣ, рушди низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ фикру андеша ва пешниҳоди худро баён намоянд.

Ҳамин тавр, кори ин бахши Форум бо рӯнамои манзуркардаи мутахассиси пешбари Идораи низоми пардохти БМТ Камила Сайисмонова дар мавзӯи “Саҳми низоми бонкӣ дар рушди бахши соҳибкорӣ: пешниҳоди хизматрасонии молиявӣ” оғоз гардида, дар идома намояндаи Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар ҶТ Инна Мазур оид ба “Лоиҳаҳои Шпаркасса дар самти дастгирии соҳибкор дар минтақаҳои дурдасти ҶТ” суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, дар ин бахши Форум сардори идораи банақшагирӣ ва музди меҳнати Департаменти рушд ва омори бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” Шаҳло Давлатхӯҷа, сардори шуъбаи омӯзиши ҶСП “Спитамен Бонк” Лобар Мирзоева дар самти “Дастрасии занон ба хизматрасонии молиявии бонкӣ”, аъзои Раёсати ҶСП “Арванд” Шаҳноз Икромӣ дар мавзӯи “Соҳибкорзанҳои муваффақ бо ҶСП “Арванд”, мененҷери минтақавӣ дар вилояти Суғд оид ба тиҷорати хурду миёнаи ҶСК “Бонки Эсхата” Муборакхон Аҳророва дар мавзӯи “Занҳо дар бахши соҳибкорӣ”, мутахассиси пешбар оид ба амонатҳои ҶСП ТАҚХ “Имон интернешнл” Фарзона Негматова, муовини сардори Идораи IT –и ҶСК “Алиф Бонк” Заррина Раҷабова ва намояндаи ҶДММ ширкати суғуртавии “БИМА” Полина Муниева рӯнамоҳои ҷолиби худро манзури аҳли нишаст намуданд.