Парчами миллӣ рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон

24 ноябри 2021

Дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. ифтитоҳ намуда, кулли кормандони Амонатбонк ва дар симои онҳо мардуми кишварро бо ин санаи муҳим ва таърихӣ табрику муборакбод гуфтанд. 

Қайд гардид, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи миллати тоҷикро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳамагон мебошад.

Сипас номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мӯҳтарам Ҷонибек Асрориён бо маърӯзаи пурмуҳтавои хеш баромад намуда атрофи моҳияти Парчами давлатӣ суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта мешуданд, қабул гардид.

Дар Парчам тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъйу кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамояд.

Дар охири чорабниӣ аъзоёни  фаъоли Шӯрои ҷавонони БДА ҶТ “Амонатбонк” бо мисраҳои шеърӣ ва иқтибосҳои пурмазмун оид ба Парчами давлатӣ баромад намуда, бо умеди партавфишонии Парчами давлатӣ дар фазои ободу осиштаи Тоҷикистони биҳиштосо ҳамагонро бо ин санаи таърихӣ табрику таҳният намуданд.Дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. ифтитоҳ намуда, кулли кормандони Амонатбонк ва дар симои онҳо мардуми кишварро бо ин санаи муҳим ва таърихӣ табрику муборакбод гуфтанд.

Қайд гардид, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи миллати тоҷикро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳамагон мебошад.

Сипас номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мӯҳтарам Ҷонибек Асрориён бо маърӯзаи пурмуҳтавои хеш баромад намуда атрофи моҳияти Парчами давлатӣ суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта мешуданд, қабул гардид.

Дар Парчам тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъйу кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамояд.

Дар охири чорабниӣ аъзоёни фаъоли Шӯрои ҷавонони БДА ҶТ “Амонатбонк” бо мисраҳои шеърӣ ва иқтибосҳои пурмазмун оид ба Парчами давлатӣ баромад намуда, бо умеди партавфишонии Парчами давлатӣ дар фазои ободу осиштаи Тоҷикистони биҳиштосо ҳамагонро бо ин санаи таърихӣ табрику таҳният намуданд.