Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

21 декабри 2021
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.

Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.

Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.

Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид.

Дар он айём, дар фурсати бисёр кӯтоҳ аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд.

Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар пойтахти кишвар ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд.

Бояд гуфт, ки сохти ояндаи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид, яъне ман ҳанӯз дар рӯзҳои аввали иҷлосия иброз дошта будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам.

Яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо – Парчами миллӣ низ дар ҷараёни ҳамин иҷлосияи тақдирсоз қабул карда шуд.

Бо дастгириву пуштибонии мардуми кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати навинтихобшудаи мамлакат мо тавонистем, ки дар як муддати кӯтоҳ ба иҷрои ҳадафҳои фаврии дар наздамон қарордошта ноил гардем.

Умуман, бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем.

Ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳо, ки бо мақсади аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гардид, иқдоми муҳимтарини таърихӣ дар он давраи мураккабу вазнин ба ҳисоб меравад.

Баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд.

Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз кардем.

Дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян карда шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.

Дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд.

Дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд.

Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф гардида, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкӣ кафолат дода шуд.

Тибқи сиёсати башардӯстона бо фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон гардид.

Илова бар ин, дар даврони истиқлолият 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд.

Аз ҷумла 7 сентябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид.

Ҳамзамон бо ин, дар замони соҳибистиқлолӣ чор маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва амалӣ гардонида шуд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонид.

Дар ин давра барои гузариш аз иқтисоди маъмуриву банақшагирӣ ба низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ, яъне иқтисоди бозаргонӣ ислоҳоти фарогир амалӣ карда шуд.

Ҷиҳати барқарор сохтани низоми фалаҷшудаи идораи давлатӣ, оғоз намудани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ, амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳои сохторӣ ва минбаъд таъмин намудани гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ бисёр тадбирҳои самарабахш амалӣ карда шуданд.

Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.

Дар натиҷа, аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидем.

Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.

Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.

Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд.

Яъне 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

Хотирнишон месозам, ки дар 70 соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Дар ин давра дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо амалӣ шуда истодааст.

Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.

Бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд.

Ин нишондиҳанда аз саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, махсусан, дар шароити ду соли охир пайиҳам омадани хушксоливу камобӣ гувоҳӣ медиҳад.

Маълумоти бештар дар сомонаи president.tj