Сафари кории мутахассисони Амонатбонк ба 75 филиалҳои Бонк дар шаҳру навоҳии кишвар баҳри анҷоми корҳои фаҳмондадиҳии нуқтаҳои паёми навбатӣ ва тарғиби фаъолияти соҳа.

21 январ 2022

Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ, бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, алалхусус пешниҳоди қарзҳо барои рушди соҳибкорию соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ, ки ба зиёдшавии андозҳои маҳаллӣ мусоидат мекунад, инчунин истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ баҳри пешгирии тамбашавии аҳолӣ дар назди филиал, марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳои Амонатбонк ва дар маҷмуъ саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, намояндагони Амонатбонк, ки сарпарастии филиалҳои Бонк дар шаҳру навоҳии кишварро ба зимма доранд, баҳри анҷоми корҳои фаҳмондадиҳии нуқтаҳои паёми навбатӣ ва ҳамзамон тарғиби фаъолияти соҳа бо мақсади гузаронидани ҷамъомад бо фаъолон, раисони маҳалаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон, зиёиён ва дигар табақаҳои аҳолӣ, аз санаи 17 то санаи 22 январи соли 2022 ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафари корӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Амонатбонк бо истифода аз иқтидори худ, яъне шабакаҳои Бонк, ки 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасониро ташкил мекунанд, дар тамоми қаламрави кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва вусъати бештар ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ, фароҳам овардани шароит барои дастрасии аҳолӣ ба маблағгузориҳои қарзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, пешгирӣ ва идоракунии хавфҳои бонкӣ, аз ҷумла хавфи қарзӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.

Бо мақсади мусоидат ба фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ва истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Бонк иқдомҳои пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», «Дониш-2021», «Истиқлол-30» ва «Орзуҳои солинавӣ» таҳти 18 то 20 фоизи солона роҳандозӣ намудааст.

Дар баробари ин, дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Бонк аз ҳисоби захираҳои худӣ дар соли 2021 ба 272 нафар 8,3 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба соли 2020   60% зиёд мебошад (солҳои 2019-2021 барои ин самт 16,5 млн.сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудааст).

Бонк кўшиш мекунад, ки дар татбиқи “Солҳои рушди саноат” дар давраи солҳои 2022-2026, ки аз ҷониби Роҳбари давлат дар паёми навбатӣ эълон карда шуд, бо роҳи дастгирии соҳибкорони ватанӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз рўи муҳлати пардохт ва фоизҳои қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ки омили муҳим дар рушди соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонад.


Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк