Семинар оид ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик –шоҳасари безаволи Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”

16 июни 2022
Дар робита ба иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ  ва омўзиши таърихи халқу миллати тоҷик, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандўстиву худшиносии миллӣ, инчунин ҷиҳати иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омўзиши таърихи халқи тоҷик – шоҳасари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» , санаи 16 июни соли 2022 дар бинои Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», семинар оид ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик –шоҳасари безаволи  Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” баргузор гардид.
        
Дар семинари мазкур номзади илмҳои таърих, Саъдиев Шуҳрат оид ба ҷабҳаҳои муҳими китоби «Тоҷикон», таърихи фарзандони фарзонаи миллат сухан гуфта қайд намуданд, ки Бобоҷон Ғафуров яке аз олимони намоёни тоҷик буда, тамоми умри худро ба илми таърих бахшидааст. Академик Бобоҷон Ғафуров ба рушди илми таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, таърихи бостон, равандҳои фарҳангӣ ва этникии Тоҷикистони муосирро муаррифӣ намуда, ҷой ва нақши аҷдодони халқи тоҷикро дар таърихи тамаддуни минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муайян намуд.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон” бо теъдоди калон аз чоп баромада, ба ҳар як хонадони кишвар тақдим гардид.

Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрату шаҳомати беандозаро касб карда, дар доираҳои бонуфузтарин илми ҷаҳонӣ эътироф гашта, ҳамчун як асари барҷаставу бунёдӣ дар илми таърих шинохта шуд.

Дар охири семинари омӯзишӣ зикр гардид, ки ҷавононро мебояд аз таъриху фарҳанг ва  тамаддуни халқи хеш тавассути шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” бохабар гардида, ба  омӯзиши он рӯ оварда бошанд.

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк