Семинар оиди “Тартиби ҳисобкунии меъёрҳои иқтисодӣ” дар БДА ҶТ “Амонатбонк”

30 апрели 2021
Санаи 22-юми апрели соли ҷорӣ дар бинои асосии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Тартиби ҳисобкунии меъёрҳои иқтисодӣ” барои филиалҳои  БДА ҶТ «Амонатбонк» ва идоракунии хавфҳои бонкӣ баргузор гардид.

Дар семинари омӯзишӣ мудирон, сармуҳосибон ва иқтисодчиёни филиалҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда оиди мавзӯъҳои гуногуни соҳавӣ маълумотҳои зарурӣ дастрас намуданд.

Мутахассисон оиди тартиби ҳисобкунии меъёрҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, қарзҳои аз ҷониби Бонк пешниҳодшаванда, иқдомҳои Бонк дар самти пешниҳоди қарз баромад намуда ба суолҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон зимни баргузории семинари омузишӣ тамоми иштирокчиён ба тартиби ҳисобкунии меъёрҳои иқтисодӣ  шинос шуда аз рӯи онҳо дарсҳои амалӣ гузаронида шуд. Иштирокчиён аз рӯи мавзӯъҳои азхудкарда супоришҳои дахлдорро иҷро намуда онро мавриди баррасӣ қарор доданд.