Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” ташкилоти беҳтарин дар н. Исмоили Сомонӣ дониста шуд.

31 августи 2021
Санаи 30-юми августи соли ҷорӣ бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқбол аз Истиқлол” баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ аз мақому моҳияти Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зада шуда, қайд гардид, ки Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад. Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш боз намуд. 

Давоми соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе “Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил” ва бо мақсади пойдорию боло бурдани нуфузи ҳизб миёни кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Фестивал-озмуни “Кумитаи беҳтарин”, “Ташкилоти беҳтарин”, “Таблиғотчии беҳтарин”, “Корманди беҳтарин” ва “Хабарнигори беҳтарин” баргузор гардид. 

Дар озмуни мазкур Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар номинатсияи “Ташкилоти беҳтарин”, сазовори ҷойи якум дониста шуда дар вазъияти тантанавӣ соҳиби диплом гардид.

Ҳамзамон Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., барои саҳмгузорӣ дар табиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа, мусоидат намудан дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, густариши фарҳангу маърифат, ҷалби мардум ба корҳои созандагиву ободонӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сафароз гардонида шуд.

Ба муовини Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” Исмоилова Шаҳноз барои хизматҳои шоён дар амалигардонидани сиёсати  созандагию бунёдкоронаи ҲХДТ, саҳми арзанда барои баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи Ҳизб дар ҷомеа, бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим карда шуд.

Ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳои сиёсӣ-маърифатӣ ва қадрдонии ташкилоту кумитаҳо  барои ҳамкории зич ва назаррас бо ҲХДТ, барои пешбурди фаъолияти кулли аъзоён нақши назаррас мегузорад.