Вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ҳайати Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «Шпаркассен Финансгрупп»

30 июли 2021
Санаи 30 июли соли 2021 тариқи видеоконфронс вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. бо ҳайати гуруҳи кории Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «Шпаркассен Финансгрупп» таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози минтақавӣ, ҷаноби Аня Хойер баргузор гардид.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо атрофи васеи масъалаҳо, аз ҷумла беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар деҳот, муносиб кардани раванди қарздиҳӣ ва пешниҳоди маҳсулотҳои нави бонкӣ баҳри мизоҷон, ва инчунин табодули таҷриба дар доираи лоҳаи минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки Амонатбонк ҷиҳати рушди беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар деҳот, қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», ки соли 2020 ҷорӣ намуда буд, иловатан аз санаи 1 феврал то 30 июни соли 2021 вобаста ба давраи кишту кор роҳандозӣ намуд, ва ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав омодагии хешро иброз намуданд.

Дар маҷмўъ вохўрӣ дар фазои дўстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии хешро изҳор намуданд.