Вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ҳайати Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ, Гурўҳи Бонки Ҷаҳонӣ

29 июли 2021

Санаи 28 июли соли 2021 тариқи видеоконфронс вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. бо экспертҳои байналмилалӣ дар бахши ҳисоботҳои қарзӣ гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ҷаноби Фабрисио Фрабони ва Фабио Тарантини баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокӣ, бехатарӣ ва эътимоднокии системаи ҳисоботи қарзӣ, рушди хизматрасонии молиявии электронӣ ва рақамиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки ҳолати молиявии Амонатбонк дар сатҳи хуб ва устувор қарор дорад, ва Амонатбонк ҷиҳати рушди системаи ҳисобтҳои қарзӣ ва хизматрасонии молиявии рақамӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст ва ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав омодагии хешро иброз намуданд.

Дар маҷмўъ вохўрӣ дар фазои дўстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии хешро изҳор намуданд.