Қарзи кишоварзӣ

Хушхабар барои кишоварзони мамлакат
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо мақсади саҳмгузорӣ дар самти яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони “Кишоварз-2022” роҳандозӣ намудааст.
Маблағи қарз то 500 000 сомонӣ бо пули миллӣ ва то 50 000 бо доллари ИМА пешниҳод мешавад
Муҳлати қарз то 36 моҳ, ҳамзамон дар давраи аввали пардохти қарзи асосӣ то 6 моҳ имтиёз дода мешавад
Меъёри фоиз 20% солона бо пули миллӣ ва 10% солона бо доллари ИМА
Таъминнокӣ то 10 000 сомонӣ бе зомин, зиёда аз 10 000 сомонӣ то 30 000 сомонӣ бо зомин ва зиёда аз 30 000 то 500 000 сомонӣ бо гарави амволи манқул ва ғайриманқул
Иқдом то 30-юми апрели соли 2022 амал мекунад.


Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк