Овердрафт

Қарзи овердрафтӣ ба шахсони воқеӣ бо шартҳои зерин пешниҳод мешавад:

1.Муштарӣ бояд дорандаи корти пардохтии БДА ҶТ «Амонатбонк» буда, музди меҳнат ва ё нафақаи худро тавассути бонки мазкур дастрас намоянд;

2.Муштарӣ таърихи хуби қарзӣ дошта бошад ва аз дигар муассисаҳои молиявӣ бояд қарздор набошад ё қобилияти худро барои идора кардани ҳамаи қарзҳои худ исбот карда тавонад;

Ҳуҷҷатгузорӣ: 

Аз шахсони воқеӣ барои пайваст намудани хизматрасонии овердрафт ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

1.Дархост (ариза) барои пайваст намудани хизматрасонӣ;

2.Шиноснома бо қайди РМА

3.Ба имзо расонидани шартнома

4.Огоҳии корхона, муассиса, ташкилот ва ё мақомоте, ки корманд дар он ҷо фаъолият мекунад 

Шартҳои асосии хизмтрасонии овердрафт:

1.Меъёри фоизи аз рӯи хизматрасонии овердрафтӣ 22 (%) фоизи солона (1,8 % моҳона)

2.Ҳаҷми қарз дар доираи то 80 % маблағи музди меҳнат ё нафақаи моҳонаи худ, бе пешниҳоди амволи гарав

3.Муҳлати пешниҳоди қарзи овердрафтӣ мутобиқи шартномаи овердрафтӣ то 36 моҳ

Бартариятҳои хизматрасонии овердрафт:

1. Дар дилхоҳ вақт мизоҷи Бонк метавонад ҳангоми норасоии маблағи корт, аз ҳисоби маблағҳои Бонк дар доираи то 80%-и музди меҳнат ё нафақа истифода намояд. (қарз гирад)

2. Ҳаҷми ками ҳуҷҷатгузорӣ ва сарфаи вақт.

3.Овердрафт – ин қарзи мақсаднок нест. Бинобар ин, маблағҳои қарзиро барои мақсадҳои гуногун метавон истифода намуд.

4.Фоиз танҳо аз бақияи истифодашудаи овердрафт ҳисоб карда мешавад.

5.Агар овердрафт истифода бурда нашавад, пас аз он ягон фоиз ҳисоб карда намешавад.

6.Хати қарзӣ доим барқарор шуда меистад. Зарурияти дубора ҷамъ намудани ҳуҷҷат, ташриф овардан ба Бонк вуҷуд надорад. Шарти асосӣ – пардохти саривақтии кредит мебошад.

7.Қарзи овердрафт бе гарав ва бе зомин  дода мешавад .