Лоиҳаи музди меҳнат

Бонки давлатии  амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои корхонаҳо ва ташкилотҳои сохторашон гуногун, хизматрасонии пардохти музди меҳнатро тариқи кортҳои пардохтии       бонкӣ пешниҳод менамояд.  Дар доираи ин лоиҳа кормандони Шумо дорандаи кортҳои пардохти  мегарданд. Ин ба онҳо имконият медиҳад, ки музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробари худро      дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷҳизотҳои терминалии «Амонатбонк» ва дигар бонкҳои Ҷумҳурӣ, дастрас намоянд.

Корти бонкии БДА ҶТ «Амонатбонк» - ин воситаи қулайи гирифтани пули нақд, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҳамзамон олоти молиявиест, ки ба Шумо калиди дари хизматрасониҳои нави       бонкиро пешнињод менамояд.

Афзалиятҳо барои ташкилот

  • Саривақт ворид намудан ва пардохт кардани маоши кормандон тариқи  Банкомат ва ПОС-терминалҳо;

  • Таъмин намудани махфияти маълумот оиди ҳаҷми маоши кормандон;

  • Кам кардани ҳаҷми хароҷоти корхона ва ҳал намудани масъалаи ҳамлу нақли дороиҳо ва нигоҳдории он;

  • Озод шудан аз мушкилии маблағҳои аз тарафи кормандон гирифта нашуда ва кам намудани хароҷоти хазинавӣ;

  • Баланд бардоштани нуфузи ташкилот аз ҳисоби истифодабарии технологияҳои замонавӣ ва пешқадам;

  • Таъмин намудани хизматрасонии шабонарузӣ тариқи банкоматҳо барои кормандон. Новобаста аз соати кории бонк, кормандон метавонанд маблағҳои дар корти пардохтии бонкӣ доштаи худро гиранд;

  • Аз байн бурдани навбат дар назди хазинаи ташкилот ҳангоми тариқи нақдӣ гирифтани маош дар рузҳои гузаронидани музди меҳнат

  • Ҳисоббаробаркунии фавриро  таъмин  менамоянд

 Афзалиятҳо ба кормандони ташкилот:

  • Гирифтани маоши худ аз хамаи шабакаҳои терминалии Бонк;

  • Пардохт кардани маҳсулотҳои харидашуда ва хизматрасониҳо бо корти пардохтии бонкӣ дар мағозаҳо тариқи ПОС-терминал;

  • Нест кардани хавфи гум шудани маблағ ҳангоми гум кардани корти пардохтии бонкӣ;

  • Доштани кафолат оиди ҳаҷми даромад;

  • Мувофиқи талаботи корманд сарф намудани маблағи дар корт буда. Беруннависӣ (выписка) бонк, имконияти банақшагирии маблағҳои худро барои корманд дастрас менамояд.

  • Гирифтани маблағи дилхоҳ ҳангоми гузаронидани амалиёт;

  • Новобаста аз ҷои қарордошта имконияти гирифтани маблағҳои худ (сафари хизматӣ, рухасатии меҳнатӣ, рухсатии табобатӣ ва ғ.).

  • Пайвастшавӣ ба хизматрасонии СМС-паёмак;

  • Пайвастшавӣ ба замимабарномаи Амонат мобайл;

 Барои амалӣ намудани пардохти музди мехнат тавассути кортҳо чи бояд кард:

Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур лутфан ба раќамҳои 1885, 446000560, 446003882 муроҷиат намоед.

Мутахассисони Бонк ҳамавақт омодаи ҳамкорибуда, барои муҳокима намудани масъалаҳои дахлпазири  тарафайн дар лоиҳаи музди меҳнат, бо мутахассисони Шумо ҳамкорӣ намоянд.