Хизматрасонии хазинавӣ

“Амонатбонк” ҳамаи намуди хизматрасониҳои хазинавиро пешниҳод менамояд, аз ҷумла:

  • кушодан ва пешбурдани суратҳисобҳо бо асъори миллӣ ва хориҷӣ барои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • интиқоли маблағҳои мизоҷон аз суратҳисобҳои онҳо бо шартҳои “рӯз-ба-рӯз”.
  • додани маблағи нақд аз суратҳисобҳо.
  • пешниҳод намудани ахборот оиди гузаронидани амалиётҳо аз рӯи суратҳисоб.
  • қабул ва ворид намудани маблағи нақд ба суратҳисобҳо.
  • инкассатсиякунонии маблағҳо ва ирсоли чизҳои қимматбаҳо.

Мо кафолати зуд гузаронидани пардохтҳои Шумо дар вақти кӯтоҳтарин дар толори амалиётиамонро медиҳем, ки мутахассисон хизматрасонии лозимӣ ва инчунин маслиҳати муфидро метавонанд пешниҳод намоянд.