Интиқоли маблағҳо

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" бо 11 системаи интиқоли пул ҳамкорӣ мекунад, аз ҷумла: "Unistream", "Contact", "Western Union".

Кормандони Амонатбонк системаи миллии интиқоли пул - "Дастрас" -ро таҳия кардаанд. "Дастрас" ба шумо имкон медиҳад, ки дар муддати як дақиқа дар саросари кишвар бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - сомонӣ пул фиристед ва қабул кунед.

БДА ҶТ "Амонатбонк" дорои 434 нуқтаи интиқоли пул мебошад, ки дар ҳама минтақаҳо, ноҳияҳо ва гӯшаҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд.