Корти миллӣ

Дархости корт

Дар бораи корт

Корти миллӣ (пардохти миллӣ) - ба ҳамаи хоҳишмандон барои истифодабарӣ дар дохили ҷумҳурӣ, ҳамчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои маош бо ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун дода мешавад.

Имтиёзҳои корт

Дастрасӣ ба маблағ

Бо ҳисоби сомонӣ бароварда мешавад

Имкониятҳо

Кортҳои миллӣ (пардохти миллӣ)-ба ҳамаи хоҳишмандон барои истифода намудан дохили ҷумҳурӣ, ҳамчунин амалӣ шудани лоиҳаҳои маош бо ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун дода мешавад.

Имконияти шабонарӯзӣ дастрас намудани маблағҳои нақдӣ дар зиёда аз 279 банкомат

Пардохти мол ва хизматрасонӣ дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ

Барориши Корти миллӣ ройгон.

Нафақавӣ

Дар бораи корт

Нафакавӣ — Корти мазкур барои, нафақаю кумакпулӣ ва дигар маблағӽо ки аз тарафи муассиса (ташкилот ва вазорату идораӽои буҷети) ба нафакагирон ҷудо карда мешаванд пешбинӣ шудааст.

Имтиёзҳои корт

Дастрасӣ ба маблағ

Бо суратҳисоб бо сомонӣ бароварда шудааст

Имкониятҳо

Кортҳои миллӣ (пардохти миллӣ)-ба ҳамаи хоҳишмандон барои истифода намудан дохили ҷумҳурӣ, ҳамчунин амалӣ шудани лоиҳаҳои маош бо ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун дода мешавад.

Имконияти шабонарӯзӣ дастрас намудани маблағҳои нақдӣ дар зиёда аз 279 банкомат

Пардохти мол ва хизматрасонӣ дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ

Барориши Корти миллӣ ройгон.

Дархости корт

Бо зеркунии тугмачаи фиристодани дархост ман бо шартҳои интиқол розӣ мешавам. Маълумоти шахсӣ

Саволҳо ва ҷавобҳо

Пас аз пур кардани корт, мизоҷ барои гирифтани маблағ чӣ қадар мунтазир мешавад?

Агар корт аз терминалҳои худкор пур карда шавад дар давоми 4-5 сония ба ҳисоби корт ворид мегардад.


Дастрасии корт аз давраи дархост чанд рузи кориро дар бар мегирад?

Дастрасии корт барои мизоҷони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ аз 2 то 5 рузи кориро дар бар мегирад.


Арзиши корти пардохтии бонкӣ чи кадар аст ва чанд сол онро метавон истифода бурд?

Муҳлати хизматрасонӣ ба кортҳои пардохтии бонкӣ аз 2 то 5 сол пешбинӣ шудааст. Хизматрасонӣ ва арзиши корт аз намуди он вобаста буда (нафақавӣ, маошӣ, шахсони воқеӣ), тибқи тарофаҳои тасдиқшудаи Бонк анҷом дода мешавад. (сылка ба тарофаҳои бонк).


Пур намудани ҳисоби кортӣ чигуна ба роҳ монда шудааст?

Барои пур намудани ҳисоби корт ба филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо пешниҳод намудани реквизит муроҷиат намоед ва ҳамчунин тавассути терминалҳои худкори бонкҳои дигар низ, метавонед музднок ин корро анҷом диҳед.


Барои кушодани ҳисоби кортии бонкӣ чигуна хуҷҷатҳо лозим мебошад?

Нусхаи шиноснома, 1 дона расми 3*4 ва пур намудани шакли дархост


Мизоҷ аз амалиётҳо бо истифода аз корт чӣ гуна огоҳ мешавад?

Бояд ба СМС паёмак пайваст шуд ва дороиҳои худро идора кард.


СМС- паёмакро ба корт чигуна пайваст метавон кард?

Мустақилона мизоҷ метавонад тавассути сомонаи pay.npm.tj пайваст шавад, дар филиалҳои Бонк бошад амалгарон барои анҷоми чунин кор дастгирӣ менамоянд.


Дар ҳолати шикастан, гум кардан, бекор шудани корт ва ба итмом расидани муҳлати этибори корт чи бояд кард?

Дар мавриди гум кардани корт ё дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт дорандаи корт дарҳол бояд ба бонки хизматрасон (эминтент) муроҷиат намуда, фаъолияти корти худро манъ намояд. Барои барқарор намудани ҳолати кории корт ба бонк муроҷиат намояд. (Телефонҳо барои тамос 6009022,6009071,1885)


Ҳангоми гум кардани рамзи махфӣ (пин-код) ё фаромуш намудани он чи бояд кард?

Барои такроран фармоиши рамзи махфӣ ба Бонк муроҷиат намояд.


Метавонам кортҳои иловагиро ба номи худ гирам?

Бале, барои гирифтани кортҳои гуногун ба шумо аризаи мувофиқ навиштан лозим аст.


Ҳаққи хизматрасонии Бонк бо истифодаи корт дар шабакаи терминалии Амонатбонк ва дигар ташкилотҳои қарзӣ чи қадар муқаррар шудааст ?

Ҳаққи хизматрасонии кортҳои нафақавӣ ва кортҳои маошӣ дар шабакаи Амонатбонк ройгон ва дар шабакаи дигар ташкилотҳои қарзӣ тибқи тарофаҳои тасдиқшуда муайян шудааст.


Кортҳои пардохтии бонкии Шумо берун аз қаламравӣ Ҷумҳурӣ хизматрасони карда мешавад ?

Кортҳои миллӣ танҳо дар дохили ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад, кортҳои байналмиллалии Visa дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад.


Ба суратҳисоби кортии ман аз хориҷи кишвар маблағ интиқол додан мумкин аст?

Бале, мумкин аст, Шумо бояд ба шахси интиқолдиҳандаи маблағ, рақами корт - реквизитҳои пурраи кортро пешниҳод намоед. Инчунин тавассути Амонатмобайл ва ҳамёни электронӣ метавонед бемамоният дар кутоҳтарин муддат маблағи интиқолро дастрас намоед.


Аз корти ман ба кортҳои дигар ҷумҳурӣ маблағ интиқол додан мумкин аст?

Бале мумкин аст. Шуморо зарур аст аз барномаи Амонатмобайл истифода бурда маблағи дилхоҳи худро интиқол диҳед. Зеркашӣ кунед: http://onelink.to/usgxst .


Ҳангоми барнагардонидани корт ё набаромадани маблағи дархостшуда аз банкомат дорандаи корт ба куҷо муроҷиат намояд?

Дар навбати аввал бояд ба телефонҳои дар монитори банкомат буда 446009022, 446009071 446009091, 446009066 ва рақами кутоҳи Амонатбонк 1885 занг зада ҳолати корти худро муҳосира (блокировка) намоед. - Агар корти Шуморо банкомат фуру барад ё маблағи дархостшударо банкомат надиҳад, барои баргардонидани маблағ ё корт бо пешниҳоди шиноснома ва ариза ба бонки хизматрасон (эмитент) оид ба ҳолати рухдода муроҷиат намоед. - Шумо аз терминалҳои дигар ташкилотҳои қарзӣ истифода намудед ва бо сабабҳои техникӣ банкомат корти Шуморо фуру барад, пас бояд ба ҳамон бонк муроҷиат намоед. Агар бонки хизматрасон баргардонидани корти шуморо рад созад, шуморо лозим аст ба Маркази тамоси Амонатбонк ба рақами кутоҳи (1885) занг занед.