Қоидаҳои истифодабарии кортҳои пардохтии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк”

Қоидаҳои мазкур барои таъмини амнияти иттилоотии кортҳои пардохтии бонкии дорандагон, риояи тартиби истифодабарии он, рақами мушаххаскунандаи шахсӣ ва амнияти дигар маълумотҳо нигаронида шудааст.

1. Қоидаҳои умумӣ

- барориш ва аз нав барориши корт дар асоси аризаи хаттии дархосткунанда амалӣ карда мешавад;
- ҳеҷ гоҳ рақами мушаххаскунандаи шахсӣ (PIN-код) ва корти худро ба шахсони дигар, аз ҷумла хешовандон, шиносҳо ва онҳое, ки ташаббуси ёрӣ расонидан доранд, додан мумкин нест;
- рақами мушаххаскунандаи шахсӣ (PIN-код) аз корт ҷудо нигоҳ дошта мешавад;
- корт аз таъсири намӣ, механикӣ, ҳароратӣ ва электромагнитӣ эмин нигоҳ дошта мешавад;
- корти пардохтии бонкиро ба SMS - хабар пайваст карда, оид ба амалиётҳои тавассути он анҷомдодашуда огоҳӣ ёфтан мумкин аст;
- ба муҳлати амали корт диққат додан зарур аст;
- маълумот оид ба корти пардохтии бонкӣ аз тарафи дорандаи он бояд ба ҳеҷ кас пешниҳод нашавад;
- рақамҳои телефонии Бонк, ки дар паси корт нишон дода шудаанд, бояд аз тарафи дорандаи он иловатан дар дафтарчаи қайд ё дар телефони мобилӣ сабт карда шаванд;
- дар ҳолати шикастан, гум кардани корт ё вайрон шудани хати магнитии корт ба рақамҳои телефонии сабтшуда муроҷиат намудан лозим аст;
- дар сурати ошкор гардидани рақами мушаххаскунандаи шахсӣ (PIN-код), гум шудан ё дуздидани корти пардохтии бонкӣ, хавфи аз ҷониби шахсони дигар гирифтани маблағи дар ҳисоби кортии бонкӣ буда ҷой дорад.

2. Истифодабарии кортҳо ва гузаронидани амалиёт бо кортҳои пардохтии бонкӣ дар банкомат ва POS-терминалҳо

- амалиётҳоро бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ тавассути банкоматҳо ва POS-терминалҳо бевосита худи дорандаи корт анҷом медиҳад;
- ҳангоми ба банкомат ворид карда натавонистани корти пардохтии бонкӣ, аз истифодабарии чунин банкомат худдорӣ кардан лозим аст;
- бо зӯрӣ ба банкомат дохил кардани корти пардохтии бонкӣ мумкин нест;
- ҳангоми ҳуруфчинии (ворид намудани маълумот) рақами мушаххаскунандаи шахсӣ клавиатураи банкоматро ё POS-терминалро бо даст ҳатман пӯшонидан даркор аст;
- ҳангоми нодуруст кор кардани банкомат (масалан, вақти зиёд дар реҷаи мунтазирӣ будани банкомат, беихтиёрона аз нав ба кор даромадан), аз истифодабарии чунин банкомат бояд худдорӣ кард ва бо пахш намудани тугмачаи “Рад (Cancel)”-и клавиатура амалиёти ҷориро қатъ намуда, баъдан гирифтани корти пардохтии бонкиро мунтазир бояд шуд;
- ҳангоми тавассути POS-терминал грифтани пули нақд хазинадор метавонад аз соҳиби корти пардохтии бонкӣ пешниҳод намудани шиноснома, имзо намудани чек ё ҳуруфчинии (ворид намудани маълумот) рақами мушаххаскунандаи шахсиро дар таҷҳизоти махсус талаб намояд;
- баъди гирифтани пули нақд аз банкомат ё аз дасти хазинадор, дорандаи корт онро ҳисоб карда ва боварӣ ҳосил менамояд, ки корти пардохтии бонкӣ баргардонида шудааст;
- расидҳои (чек) аз банкомат ё POS-терминал чопшударо барои бо руйнависи (выписка) суратҳисоби бонкӣ муқоиса кардан, нигоҳ доштан лозим аст;
- ҳангоми барнагардонидани корт ё набаромадани маблағи дархостшуда аз банкомат,  дорандаи корт бояд ҳатман бо Бонк муроҷиат намояд.

 3. Истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ барои пардохти ғайринақдии молу хизматрасониҳо ва амалиётҳои фосилавӣ (Интернетбонк ва мобайлбонк).

- амалиёт бо истифодабарии корти бонкӣ барои пардохти молу хизматрасониҳо бояд танҳо дар ҳузури худи дорандаи корт гузаронида шавад;
- ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо тавассути корти пардохтии бонкӣ, хазинадор метавонад аз соҳиби корти пардохтии бонкӣ пешниҳод намудани шиноснома, имзо намудани чек ё ҳуруфчинии (ворид намудани маълумот) рақами мушаххаскунандаи шахсиро дар таҷҳизоти махсус талаб намояд. Пеш аз ҳуруфчинии рақами мушаххаскунандаи шахсӣ бояд боварӣ ҳосил намуд, ки шахсони дар наздик истода онро дида наметавонанд. Пеш аз имзо намудани чек маблағи дар чек нишондодашударо ҳатман санҷидан зарур аст;
- агар ҳангоми пардохти молу хизматрасонӣ тавассути корти пардохтии бонкӣ амалиёт бомуваффақият анҷом наёбад, он гоҳ чеки аз терминал додашударо барои муқоисаи минбаъдаи амалиёти мазкур бо руйнависи (выписка) суратҳисоби бонкӣ нигоҳ доштан зарур мебошад;
- маълумоти корти пардохтии бонкиро (рақами мушаххаскунандаи шахсӣ, муҳлати эътибори корти пардохтии бонкӣ) тавассути шабакаи Интернет хабар надиҳед;
- барои пардохти харид тавассути шабакаи Интернет беҳтар аст, ки корти пардохтии бонкии алоҳида, ки меъёри муайяни иҷрои амалиёт дорад, истифода бурда шавад;
- беҳтар аст,ки танҳо аз сомонаҳои Интернетии маълум ва санҷидашудаи муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ истифода бурда шавад;
- бо мақсади махфӣ нигоҳ доштани маълумоти шахсии корти пардохтии бонкӣ, тавсия дода мешавад, ки амалиёти хариди фосилавӣ танҳо ба воситаи компютери шахсӣ анҷом дода шавад. Агар харид ба воситаи компютери бегона амалӣ гардад, боварӣ ҳосил кардан лозим аст, ки маълумоти шахсии корти пардохтии бонкӣ дар компютери мазкур сабт нашудааст.

4. Тартиби манъи амали корт

Истифода кардани корт дар ҳолатҳои зерин имконнопазир мебошад:
- дохил шудани рақами корт дар руйхати Варақаи манъ (Стоп-лист),  баъди аз Варақаи манъ хориҷ кардани он, минбаъд истифода бурдани корт имкон дорад;
- ба охир расидани муҳлати эътибори корт;
- қатъ намудани амали корти пардохтии бонкӣ дар ҳолати нодуруст ворид намудани  PIN-код пайдарҳам 3 (се) маротиба;
- қатъ намудани амали корти пардохтии бонкӣ дар асоси аризаи мизоҷ  ё бо супориши Бонк (дар ҳолатҳои пешбинӣ намудаи Шартнома ва ё муқаррароти мақомоти ҳуқуқӣ);
- набудан ё кам будани воситаҳои пулӣ дар ҳисоби корти пардохтии бонкӣ. 

5. Муқаррароти хотимавӣ

-  шакли чопии қоидаҳои мазкур бо ҳамроҳии корти интишоршуда ба дорандагони онҳо пешниҳод мегардад;
-  шакли электронии қоидаҳои мазкур дар сомонаи интернетии Бонк ҷойгир карда мешавад.