Пардохт дар МХБ                 

Амалиётҳои бонкӣ, ки аз ҷониби марказҳои хизматрасонии бонкӣ гузаронида мешаванд.    

- интиқоли пулии шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб;

- хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳамагуна амалиётҳои бонкӣ;

- амалиётҳои кассавӣ;

- амалиётҳои мубодилавӣ;

- қабул ва иваз намудани пулҳои фарсуда ва осебдидаи коршоям;

- қабули маблағҳои коммуналӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ ва корхонаҳо;

- пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кўмакпулиҳо;

Бо мақсади фароҳамоварии шароит ва истифодабарии шаҳрвандон аз хизматрасониҳои бонкӣ дар вақтҳои баъди корӣ, 20 адад хазинаи бегоҳӣ-шабонарӯзӣ таъсис дода шуданд, ки аз ин 6 адад 24 соат ва 14 адад то соати 21-00 фаъолият намуда истодаанд.

Қайд карда мешавад, ки дар шаҳри Душанбе 5 адад хазинаи шабонарӯзӣ ба муштариёни Бонк хизматрасонӣ менамоянд.

Ҳоло дар хазинаҳои бегоҳӣ ва шабонарӯзӣ, иҷрои амалиётҳои қабули маблағҳои комуналӣ, мубодилаи асъор, интиқоли маблағҳо ва пардохти нафақа ба роҳ монда шуда, аҳолии кишвар аз хизматрасониҳои онҳо ҳамаҷониба истифода мебаранд.